А В Р А Н Г Б А Х Т
Чумла эчодам ба посу эхтироми Миллат аст...
КОВИШ
19.03.2016
06.08.2015
15 АКСИ УСТОД ЛОИК ШЕРАЛИ
Устод Лоик Шерали, бузургтарин ва махбубтарин шоири карни ХХ 15 сол мешавад, ки чисман бо мо нест. Аммо номи у ва шеъри у дар дилу забони мардуми точик ва кулли дустдорони шеъри асил маскан дорад, маскани човидони. Дар ин сахифа 15 акси устодро чой додем. Хамчунин, якчанд шеъри устодро низ чой додем, ки ба фикри мо ба хаёти муаллиф мувофик мебошанд. Ёдаш ба хайр бод, устоди азизро! Бихишти човидон чоят абармарди дирузу имрузу фардо Лоик Шерали!
1 РУЗ БО УСТОД МУРОДБЕКИ НАСРИДДИН (АКСХО)
МУРОДИ
МИЛЛАТ
6.10.1951. Ин таърих бо харфхои заррину човидони дар дафтари санъати миллии точик сабт гардидааст, зеро дар ин руз хофизи махбубу машхур, Хунарманди мардумии Точикистон устод Муродбеки Насриддин ба дунё омадааст. Соли 1956, хангоме, ки 5 сола буд, оилаи онхоро низ чун хазорон кухистониёни дигар аз Мастчох ба дашти харобу маргбори Дилварзин мухочир карданд. Бале, хамон Дилварзине, ки баъдхо мастчохиёни бонангу ор ва мехнаткарин бо кувваи бозуи хеш ободаш кардаву номи диёри бобои – Мастчохро ба он гузоштанд. Муродбеки хурдсол низ дар катори калонсолон мехнат мекард, захмат мекашид. Устод мегуяд:
- Фаъолияти мехнатии ман аз соли 1962 огоз гардидааст, ки дар дафтарчаи мехнатиям навишта шудааст. Хеле ахлона мехнат мекардем барои ободии Дилварзин ва аз дашт ба гулистон табдил додани он.
05.08.2015
АЗ СУРУШИ СТАЛИНГРАД ТО СУРИЯ
Офтоби баҳорӣ бедареғ нурҳои ҳаётбахшу гарми худро нисори сокинону меҳмонони пойтахт мекард. Хиёбону кӯчаҳои Душанбе хеле серодаманд. Ҳар кас пайи кори хеш ба самти мақсади худ меравад. Мо ҳам аёдати бузургмарде меравем, ки кайҳост мақбулу маҳбуби дили миллионҳост. Кист ӯ? Муаллифи «Суруши Сталинград!»…
Пас аз чанд лаҳзаи ҳалқа ба дар кӯфтани мо дар во мешавад ва … Худоё… рӯ ба рӯи мост устод Мӯъмин Қаноат! Симои ошно, ки дар китобҳои дарсӣ дидаву орзуи дидораш доштем, моро ба хонаи худ таклиф мекунад…

НУРЧОНОВ - ШОХИДИ КОНФРОНСИ ЯЛТА
9.05.2015 ҷаҳон аз 70-солагии Ғалаба бар фашизм истиқбол мекунад. Шояд кам касоне донанд, ки фарди санъатшиносу марди фарҳангдӯст, профессор Низом Нурҷонов низ иштирокчии ҶБВ буд. Ӯ 92 сол дорад. Бо вуҷуди он, ки аз беморӣ ранҷ мекашад бо чеҳраи кушоду табассуми малеҳ суҳбат мекунад.
Низомро соли 1942, вақте ки ҳамагӣ 18 сол дошт, ба артиш даъват мекунанд. Ӯ мард аст, ифтихор мекунад, ки ба армия меравад, ба ҷанг меравад муқобили онҳое, ки номардона қасди ғасби СССРро кардаанд. Тасаввур мекунад, ки дар ҷанг чи гуна қаҳрамониҳо нишон додаву бо ордену медалҳои қатооооор ба ватан бармегардад.
Оҳиста-оҳиста поезд ба ҳаракат медарояд. Чашмонаш ба падару модар меафтанд, ки бо дастафшониҳо медаванд. Поезд суръат мегирад. Фақат ҳамин қадар метавонанд, ки 1 халта кулчаро ба ӯ диҳанд. Акнун дилашро андешаҳои ваҳим сиёҳ мекунанд. Мехоҳад, ки ҷаҳида фурояду волидонашро оғӯш гирад ва ба эшон хайрухуш кунад, аммо... Поезд бо суръат дур мешавад...

Подписаться на:
Сообщения (Atom)