МУРОДИ
МИЛЛАТ
6.10.1951. Ин таърих бо харфхои заррину човидони дар дафтари санъати миллии точик сабт гардидааст, зеро дар ин руз хофизи махбубу машхур, Хунарманди мардумии Точикистон устод Муродбеки Насриддин ба дунё омадааст. Соли 1956, хангоме, ки 5 сола буд, оилаи онхоро низ чун хазорон кухистониёни дигар аз Мастчох ба дашти харобу маргбори Дилварзин мухочир карданд. Бале, хамон Дилварзине, ки баъдхо мастчохиёни бонангу ор ва мехнаткарин бо кувваи бозуи хеш ободаш кардаву номи диёри бобои – Мастчохро ба он гузоштанд. Муродбеки хурдсол низ дар катори калонсолон мехнат мекард, захмат мекашид. Устод мегуяд:
- Фаъолияти мехнатии ман аз соли 1962 огоз гардидааст, ки дар дафтарчаи мехнатиям навишта шудааст. Хеле ахлона мехнат мекардем барои ободии Дилварзин ва аз дашт ба гулистон табдил додани он.
Хануз хангоми мактабхони устодон истеъдоди нодири овозхонии Муродбекро эхсос карданд ва вайро ба дастаи хаваскорони мактаб чалб намуданд. Акнун у дар баробари тахсил ва мехнати софдилона боз дар чорабинихои мактаб суруд мехонд, овозу истеъдоди худро такмил медод. Мардум аз шунидани овозаш ангушти хайрат мегазиданд ва ба хунари волояш ахсан мегуфтанд. Хама фикр мекарданд, ки пас аз хатми мактаб у санъаткор мешавад, аммо гайриинтизор Муродбек факултаи шаркшиносиро интихоб кард. Пас аз супоридани 2 имтихони кабул бо даъвати падар, ки бедастёр монда буд ва маслихати устодон аз супоридани дигар имтихонхо даст кашида, ба Мастчох бармегардад ва муддате хамчун омузгори синфхои ибтидои дар мактаби деха фаъолият мекунад. Аммо шавки хондан ва гирифтани маълумот Муродбекро ором намегузошт. У боз азми хондан кард ва хуччатхояшро ин дафъа ба Донишкадаи давлатии омузгории Ленинобод ба номи С.М.Киров (холо ДДХ ба номи Б. Гафуров) супорид.
Дар донишгох низ чун хофиз обру пайдо кард. Пайваста бо овози махсуси нотакрораш чорабинихои донишгохро хусн мебахшиду хотирмон мекард. Махз хунари волои Муродбек боис гашт, ки пас аз хатми донишгох уро чун дигарон барои кор на ба макотиби миёна, балки ба филармонияи давлатии Точикистон роххат доданд. Ин ходисаи хеле нодир аст, ки муаллим барои кор ба сохаи тамоман дигар роххат гирад, он хам дар даврони СССР!

Хунарманди мардумии СССР устод Чурабек Муродов МуродбекиНасриддинро шогирди худ медонад. У ифтихор мекунад, ки махз вай Муродбекро ба кор даъват кардаву тарбият намудааст. Хангоми сухбат бо хабрнигори «СССР» устод Чурабек Муродов гуфт:

Устод Муродбеки Насриддин пеш аз интихоби матни суруд онро хаматарафа меомузад. Хар гуна шеърхои сабуку пастмазмунро арзандаи оханг намедонад. Аз ин чост, ки хамаи сурудхои у таъсирбахшанду шунавандаи худро доранд. Узви Иттифоки нависандагони Точикистон, шоир Олимхон Исмати, ки бештар аз 20 сол бо Муродбеки Насриддин хамкори дорад, мегуяд:
- Муродбеки Насриддин 3 хусусияти худро дорад, ки дар дигарон ман надидаам.
1. Сабки худро дорад. Охангхои уро дигар хунармандон таклиду ичро кардан наметавонанд, ки аз камолу мураккабии сабки у дарак медихад.

3. Аввалин нафарест, ки ракси остини водии Зарафшонро харкатери умумимилли бахшид. Имруз суруду ракси остинро дар Кулобу Бадахшону Хисор хам мефахманду дуст медоранду ичро мекунанд. Яъне нафарест, ки аз хазинаи бузурги санъати халки ба санъати касби ин навгониро дохил кард. Хамчунин, Муродбеки Насриддин шояд ягона хунармандест, ки шогирд надорад, зеро хеч нафаре ба сахтгирию серталаби ва дакиккории у тоб оварда наметавонад. Дуругу харомкориро нихоят бад мебинад.
ХОФИЗИ МИЛЛИ
Аксар фархангшиносону санъаткорон бар ин назаранд, ки Муродбеки Насриддин хофизи умумимилли аст. Дар Бадахшон, Кулоб, Гарм, Зарафшон ва хатто Афгонистону Эрон уро мешунаванду дуст медоранд. Шодибеки Усмон, собикадори сохаи фарханги кишвар гуфт:
- Пушида нест, ки аксар сарояндагони моро танхо дар зодгоху махалли худашон мешунаванду эътироф мекунанд. Аммо Од
ина Хошим, Зафар Нозим, Акашариф Чураев, Чурабек Муродов ва Муродбеки Насриддин нафароне хастанд, ки хамаи мардуми точик хунари онхоро эътироф кардаву дусташон медорад. Мисле, ки Ахмад Зохир – ситораи шаркро хама дуст медораду эътироф мекунад, инхоро низ эхтиром мекунанду гуш мекунанд. Сурудхои «Ин кист ин, ин кист ин ширину зебо омада» ва «Мезанад борон ба шиша» -и Муродбеки Насриддин дар Эрону Афгонистон хаводори зиёд дорад ва мунтазам тарики садову симои ин кишвархо пахш мешаванд. Як чизи дигарро бояд махсус таъкид кунам, ки Муродбеки Насриддин хеч гох аз эхо истифода намебарад. Яъне овози у мухточи таквияту дигаргунсози нест. Табиатан овози мувофики хофизи дорад.
Холо устод Муродбеки Насриддин дар нафака асту дар халкаи фарзандону наберахо давлати пири меронад. Бо вучуди ин хамеша барои хизмат ба халку ватан омода асту дар маросими расми ва тую маъракахои мардум суруд мехонад. Сурдхояш тавассути шабакахои гуногуни ТВ ва радиои кишвар пайваста пахш мешаванд. Хамеша ба наберагон таъкид мекунад, ки ба кадри ин марзу бум бирасед ва бахри рушди Точикистон камари химмату хидмат бубандед.
Комментариев нет:
Отправить комментарий