Хунарманди шоистаи РСС Точикистон, Хофизи халкии Точикистон, Барандаи Чоизаи устод Рудаки Гулчехра Содик 8 марти соли 1942 дар оилаи афроди санъатдусту хунарманд ба дунё омадааст. Падараш устои асбобхои мусики буд. Гулчехраи хурдакак пинхони аз волидон ба асбобхои сохтаи падар бо хавас менигарист, ба онхо даст мерасонд ва аз овози онхо лаззат мебурд. Аз садои тору думбра ба андеша мерафт, бо акли кудаконаи худ мехост мазмуни он садоро дарк кунад. Алакай дар синни мактабхони у миёни мардум хамчун хунарманд шинохта шуда буд. Дар дехаи Ёли Даштичум хеч маъракаи аруси бе иштироку овозхонии Гулчехра намегузашт. Арусон пеши домод шарт мегузоштанд, ки агар Гулчехра дар туяшон иштирок намекунад, туй барпо нахохад шуд. Он замон Гулчехра дар синфи 5-6 дар мактаби миёна тахсил мекард…

убол буд дар он замонхо суруд хондан барои духтарон.
Соли 1959. Дар синфи 9 тахсил мекард, ки вайро ба шавхар доданд. Хамсари хаётии у Дости ном дошт, бале хамон Дости Орзуев, ки дар оянда барои санъати точик хизматхои бузургеро анчом дод ва дар дафтари таърихи рушду инкишофи фалак номашро бо хуруфи заррин сабт кард. Акнун онхо хамрох суруд мехонданд, хамрох дар консертхо иштирок мекарданд, хамрох ба сафархои хунари мебаромаданд. Дигар модар хам монеи хунару овозхонии у нашуд, зеро падару шавхараш муттакову дастгири вай буданд.
Соли 1961. Аввалин фарзанд дар хонадони онхо тавлид шуд, ки ба вай номи бобояш Орзуро гузоштанд. Хамин тавр аз зиндагии якчоя сохиби 6 фарзанд – 5 писару 1 духтар гардиданд. Тавлиду инкишофи фарзандон на танхо ба хонадони Дости ва Гулчехра бахту шодмони овард, ки хатто сабаби таъсиси 1 ансамбли муваффаки оилави гардид. Дар ин ансамбл хама хунару вазифа дошт, яке бо асбобхои тори кор мекарду дигари таблак мезад ва саввуми най менавохту дигаре овозхони мекард. Бозорали Орзуев, фарзанди сеюми апаи Гулчехра накл мекунад, ки пас аз хуроки шом ва дуои дастархон падари мархумам Дости Орзуев мефармуд, ки хама дар чойхои худ бо асбобхои хеш бишинанд ва мо то дергохи шаб машк мекардем... Хушбахтона ин анъана то хол бокисту ба он наберахо низ хамроханд.

Соли 1984. Ин сол барои Гулчехра ва фарзандон у чун соли нахс ёд мешавад. Зеро дар хамон сол хамсари содику падари мушфик Дости Орзуев дар синни 49 солаги вафто кард. Ин талафот на танхо ба оилаи Гулчехра Содик, ки хатто ба санъату фарханги точик хам нихоят зарбаи калон буд. Марги шавхар Гулчехраро хеле рухафтода кард ва … у аз сахна даст кашид. Дигар суруд намехонд…
Ин холат расо 2 сол давом кард. Дар ин муддат дустону хамкорон ва шогирдонаш чи кадар талошхое накарданд, ки у дубора ба сахна баргардад, зеро медонистанд, ки сахнаи санъати точик бе у нур надорад. Билохира пас аз насихату маслихатхои зиёди дустон соли 1986 Гулчехра Содик ба сахна баргашт ва он хам бо 2 мисраи пур аз дард аз фироки шахси наздиктаринаш:
Фарёд, ки умри мо мукаммал мешуд,
Сарриштаи умр ба дасти шавхар мешуд…
Пиру чавони дар толори консерти буда, мегиристанд. Аз 1 тараф таъсири суруди пурсузи Гулчехра бошад, аз тарафи дигар бозгашти дубораи маликаи сахна онхоро мутаассир карда буд. Фаъолияти ансамбли оилави боз огоз шуду рушд кард. Зери рохбарии Гулчехра Содик хамаи фарзандон ахлона кору факъолият ва зиндаги доранд. Рости дидани иттифоку самимияти бародарон бо якдигар ва эхтироми бемисли модар муаллифи ин матлабро сахт шигифтазада кард. Чунин мухаббату хурмати хамдигариро бори аввал медидам…
Орзу пас аз модар рохбар ва коргардони ансамбл аст. Дар баробари ин ба санъаткорони чавону шинохта хаки устоди дорад, ба онхо охангхо омода мекунад. Нозияи Кароматулло, Мехрнигори Рустам ва Саидаи Сирочиддин аз чумлаи шогирдони Орзу Орзуев хастанд. Бо асбобхои тори Курбонали кор мекунаду Бозорали масъули асбобхои зарбист. Мухаммадали дар баробари овозхони устоди машхури най асту хеле охангхои зебою маъруфро эчоду ичро кардааст. Мухаммадвали бошад, гижакнавоз асту бо садои нотакрори гижак дилхоро тасхир кардаву махбуб гардидааст.

Эрач косерваторияи миллиро тамом карду Меъроч найнавоз аст. Фируз бо скрипка кор мекунаду Носирчон рубобнавоз мебошад. Нодирчон бошад дар мактаби мусикии бачагона фортопианоро меомузад. Хамноми падари хонадон Дости низ чун бобояш дустдору шефтаи мусикии асил асту онро аз худ мекунад. Хатто Юсуфчони 3 сола хам бо бозичахояш микрафону синтезатор сохтаву овозхои мекунад ва таблак мезанад. Хушо ба холи чунин оиилаи санъатдусту санъаткор. Бешак ин хама натичаи тарбияи дурусти Дости Орзуев ва Гулчехра Содик хаст. Рухат шод бод акаи Дости, зиндаву саломат боши апаи Гулчехра!
Комментариев нет:
Отправить комментарий