КОВИШ

04.08.2015

МАСТЧОХИЁН ХАМ БА СУРИЯ МЕРАВАНД?


Миёни мардуми Мастчоҳ овозае мечархад, ки гӯё аз сокинони ин ноҳия ҳам нафароне дар ҷангҳои Сурия қарор доранд. Баъзеҳо миқдори “муҷоҳидон”-и мастчоҳиро 6 ва қисме ҳатто беш аз 10 нафар медонанд. Бо мақсади муайян кардани саҳеҳияти ин овоза, ба прокуратураи н.Мастчоҳ рафтем. Прокурори ноҳия Фирдавс Ҷаҳонгирӣ  (дар расм) тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат иштироки сокинони Мастчоҳ дар ҷангҳои Сурия ба қайд гирифта шудаву вобаста ба ин парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст:
-Расман иштироки 2 нафар сокини н.Мастчоҳ дар набардҳои Сурия ба қайд гирифта шудаву нисбати онҳо парванда кушода шудааст. Онҳо ҳар 2 ҳам истиқоматкунандаи ҷамоати Мастчоҳи н.Мастчоҳ Мирзоев Мирзодалер (с.т. 1988) ва Раҷабов Амирбек (с.т.1993) мебошанд, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафтаву тавассути он ба сафи ҷангиёни ДИИШ пайвастаанд...

МУЧОХИДИ “НЕГОДНЫЙ”
Бо мақсади ба даст овардани маълумоти бештар ба ҷамоати деҳоти Мастчоҳ рафтем. Бо мусоидати раиси ҷамоат Туроб Туробов моро имкон даст дод, ки бо падари Мирзоев Мирзодалер-Мирзомалик Мирзоев (с.т.1960) ҳамсуҳбат шавем. Ӯ ҳангоми суҳбат бо чашмони гирён чунин гуфт: -То ҳол бовар намекунам, фарзанди ман, ки ӯро бо ранҷу муҳаббати зиёд парвардаам, дар Сурия одамкушӣ кунад. Ба ман аз амният ва дигар мақомот чунин мегӯянд, вале ҳеҷ боварам намеояд. Вай гарчанде дониш надошт, аммо одобаш хуб буд. Мактаби миёнаи №4 Мастчоҳро хатм кардааст.
Баъд бо хоҳиши худ ариза навишта армия рафтанӣ шуд, вале комиссияи вилоятӣ ӯро арзандаи хизмати ҳарбӣ надонист. Намедонам сабабаш чӣ буд, шояд вазнаш кам буд, ё ягон иллатеро дар вуҷудаш ёфтанд, ки “негодный” бароварданд. Аммо медонам, ки агар ба армия мерафт чунин ҳолат намешуд. Сипас ба Русия рафт. Дар шаҳри Красноярск ҳамроҳи писари қудоям Амирбек (Раҷабов Амирбек, нафари дигаре, ки дар Сурия қарор дошт) кор мекард. Ният доштем, ки бо пули кори ӯ хона пӯшида, занаш диҳем, навбати зангирии вай буд. Лекин якбора алоқаи мо гум шуд.
МУЧОХИДЕ, КИ ХАТТО НАМОЗ НАМЕХОНД!
Амаки Мирзомалик бо оби дида фиғон мекард, ки “Охир чи хел ҷиҳод, ки вай ҳатто намоз намехонд. На дониши динӣ дошту на илми дунявӣ. Бачаамро фиреб кардаанд!”... Ашки бисёри акаи Мирзомалик монеи суҳбати мо шуд. Хостем бо волидайни Амирбек ҳамгап шавем, лек ба мо гуфтанд, ки падару модари ӯ бемории фишорбаландӣ доранду аз “ҷиҳод”-и фарзандашон бехабар. Мо ҳам нахостем онҳоро ташвиш дода, муҷиби дарду ғами эшон гардем. Тибқи бархе хабарҳо Амирбек кайҳо ҳалок шудаву падару м
одараш умедворанд, ки фарзандашон барои кӯмаки хонавода дар муҳоҷират меҳнат мекунан ва рузе бармегардад.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси н.Мастчоҳ-Осия Ёрматова ҳини суҳбат бо хабарнигори СССР гуфт, ки гаравидани 2 сокини ноҳия ба ақоиди ҷангиёни ДИИШ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Мастчоҳро сахт нигарон кардааст. Туробов бошад ба ин назар аст, ки маҳз омилҳои иқтисодӣ сабабгори аслии ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ шудаанд. Сабаби дигар бехабар мондани онҳо аз асли дини мубини ислом аст.
МАСТЧОХИ, ЯЪНЕ БОСМАЧИВУ ИФРОТИ?
Зимни 1 сӯҳбати сарикӯчагӣ, ки дар кучаҳои маркази ноҳия шаҳраки Бӯстон гузаронидем, маълум шуд, ки ҳама пурсидашудагон (зиёда аз 100 нафар) ба ДИИШ ва дигар гуруҳҳои ифротӣ нафрат доранд. Муҳаммадалӣ Сафарзода, (дар акас) донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд мегӯяд: -Мастчоҳиён дар ҳеҷ давру замон террористу ифротӣ набуданд. Баракс, мардуми Мастчоҳ бо орияти баланди ватандорӣ шинохта шудаанд. Баъзе душманон мехоҳанд, мастчоҳиёнро бадном кунанд, чуноне ки то ҳол онҳоро ғоратгару босмачӣ мегӯянд. Аз Мастчоҳ маҳз ба хотири Сурия рафтану ҷиҳод кардан касе нарафтаасту намеравад. Дар Русия мубаллиғони салафия мафкураи онҳоро вайрон карда, ба тарафи худ мекашанд. Омӯзгори мактаби миёна Муллошукур Шокирзода мегӯяд: -Мо 1 бор ранҷи ҷангро дидаем, бояд ба ҷангҷӯёну ифротиён нафрат дошта бошем. Нагузорем, ки онҳо фикрҳои ғаразноку нопоки худро ба мо таҳмил кунанд, моро тавассути афсонаҳои дуруғини ҷиҳод ба ҳалокат расонанд... 
Бознашр аз хафтаномаи СССР

Комментариев нет:

Отправить комментарий