Дар
2 моњ 3 марг
Дар ду моњи охир аз сафњои ќувањои
мусаллањ 3 љасади сарбозони тољик ба хонаводаашон расонида шудаанд, ки дар
расонањои хабарї ва сайтњои иљтимої боиси њар гуна суханњо ва сангандозињои
лафзї ба маќомоти дифои кишвар гардидаанд.

Дар авоили моњи июл бошад хабари марги Абдувањњоб Ќаюмов, сокини н. Б. Ѓафуров, ки дар ќисми низомии 2747 н. Панљ хизмат мекард, яке аз мавзўъњои асоии расонањо гардид. А. Ќаюмов моњи май ба синни 18 расидаву ихтиёрї ба хизмат рафт, аммо пас аз 2 моњ, 5 июл хабари маргаш ба волидон расид. Маркази экспертизаи судї-тиббии вилояти Хатлон дар маълумотномаи худ дар бораи марги ў навиштааст, ки "дар бадани Абдувањњоб Ќаюмов харошањои мавќеи пешона, аз чап, пушт ва ќаноти бинї, лунљи рўй аз рост, ангуштони њарду даст, пушти панљаи пойи рост хуномосњои шаклашон дарозрўя љойгир буда, дар ќафаси сина ва пушти гардан хунпечиши маѓзча ва пардаи ѓафи маѓзи сар ... дарёфт карда шуд." Аксаран њадс мезананд, ки ин сарбоз њам ќурбонии берањмии «дед»-њо гардидааст…
24 июл хабари марги сарбози ќисми низомии 2604-и нерўњои марзбонї Ањтам Убайдуллоев расонаї шуд, ки 3 моњ пеш ба хидмати њарбї даъват шуда буд. Муфаттиши Додситонии њарбии гарнизони Душанбе, полковник Мансур Њокимзода дар суњбат ба расонањо гуфтааст, ки вобаста ба марги ин сарбоз нисбати 1 афсари ќисми њарбие, ки Ањтам хизмат мекард, бар асоси моддаи 391, ќисми 3, банди «г»-и Кодекси љиної парванда кушода шудааст. Аз рўи иттилои ў сарбоз А. Убайдуллоев пас аз латту куб шуданаш аз тарафи ин афсар даст ба худкушї задааст. Дар асоси далелњои боло бисёрињо бар ин боваранд, ки то њанўз дар артиши кишвар «дедовщина» љой дорад.
«Дедовщина» чист?
«Дедовщина» муносибати ѓайрирасмии берањмона миёни хизматчиёни њарбї мебошад, ки асосан аз рўи муњлати гузаронидаи хизмат, рутба, рейтинг ва мавќеи доштаи њар 1 сарбоз, ё гуруњи сарбозон ба вуљуд меояд. Бо љумлаи дигар гуем «дедовщина» истисмору зулм ва њукумати куњнасарбозон болои навакскарон аст, ки аксар ваќт ба њалокат, ё захми вазнини љисмонї бардоштани «молодой»-њо оварда мерасонад.
«Дедовщина» дар мактаб

«Дедовщина» дар артиши Рус
Дар артиши императории Рус низ «дедовщина» љой дошт. Куњнасарбозон ва соњибрутбањо ба наваскарон њар гуна корњоро мефармуданд. Дар сурати сарпечї кардан, ё дар ваќташ иљро нанамудани фармон наваскаронро љазо чун зарбу лат, њатто марг интизор буд.
«Дедовщина» дар Армияи Сурх

То соли 1967, яъне то замони ќабули ќарор дар бораи кам кардани муњлати хизмати њарбї аз 3 ба 2 сол дар ќушунњои хушкигард ва аз 4 ба 3 сол дар флот «дедовщина» воќеан вуљуд надоштааст. Аммо пас аз ќабули чунин ќарор, ки байни хизматчиёни њарбї нобаробариро ба вуљуд меоварад, «дедовщина» боз аз худ дарак медињад. Тобистони соли 1982 дар нерўњои њарбии Шўравї фармони махфї тањти № 0100 дар бораи мубориза бо рафторњои ѓаириоинномавї ќабул мешавад, ки ба аз байн бурдани «дедовщина» равона гардида буд.Онњое, ки дар замони Шўравї хизмат кардаанд, мегуянд, ки дар армияи СССР «дедовщина» вуљуд дошт, миёни сарбозон нофањмию љангњо мешуд, вале њељ ваќт ба марги сарбозон, ё сахт захмдор шудани онњо намеанљомид.
«Дедовщина» дар … Артиши миллї?

- Сабаби аслии ин "анъана" - и сарбозиро дар он мебинам, ки худи афсарону дигар хизматчиёни баландрутба мехоњанд ки чунон бошад, агар не чаро то ба марг расидани сарбозон касе огањ намегардаду пеши роњи онро намегирад.Ва як сабаби дигараш љо шудани кинаву адоват дар дили сарбозон нисбати њамдигар аст,- мегўяд њамсуњбати мо.
Дар охири матлаб мо намегўем, ки воќеан њам дар артиши мо «дедовщина» љой дорад. Инро ба ќазовати ту њавола мекунем хонандаи арљманд. Ту бигў, ки дар њаќиќат чунин њолат њаст, ё на?
Комментариев нет:
Отправить комментарий