КОВИШ

05.08.2015

НУРЧОНОВ - ШОХИДИ КОНФРОНСИ ЯЛТА

9.05.2015 ҷаҳон аз 70-солагии Ғалаба бар фашизм истиқбол мекунад. Шояд кам касоне донанд, ки фарди санъатшиносу марди фарҳангдӯст, профессор Низом Нурҷонов низ иштирокчии ҶБВ буд. Ӯ 92 сол дорад. Бо вуҷуди он, ки аз беморӣ ранҷ мекашад бо чеҳраи кушоду табассуми малеҳ суҳбат мекунад.
Низомро соли 1942, вақте ки ҳамагӣ 18 сол дошт, ба артиш даъват мекунанд. Ӯ мард аст, ифтихор мекунад, ки ба армия меравад, ба ҷанг меравад муқобили онҳое, ки номардона қасди ғасби СССРро кардаанд. Тасаввур мекунад, ки дар ҷанг чи гуна қаҳрамониҳо нишон додаву бо ордену медалҳои қатооооор ба ватан бармегардад.
Оҳиста-оҳиста поезд ба ҳаракат медарояд. Чашмонаш ба падару модар меафтанд, ки бо дастафшониҳо медаванд. Поезд суръат мегирад. Фақат ҳамин қадар метавонанд, ки 1 халта кулчаро ба ӯ диҳанд. Акнун дилашро андешаҳои ваҳим сиёҳ мекунанд. Мехоҳад, ки ҷаҳида фурояду волидонашро оғӯш гирад ва ба эшон хайрухуш кунад, аммо... Поезд бо суръат дур мешавад...
Фикр мекард, ки ин поезд вайро рост ба фронт, ба майдони ҷанг мебарад. Аммо ин тавр нашуд. Ӯ ва чанд нафари дигарро дар Самарқанд аз поезд фуроварданд. Нурҷонов муддати 9 моҳ дар Омӯзишгоҳи алоқаи Воронеж, ки муваққатан ба Самарқанд кӯчида буд, таҳсил кард. Дар ин муддат хеле чизҳоро омӯхт. Махсусан фанни Азбука морзеро бо сабаби қавӣ будани ҳофизааш хеле хуб аз худ мекунад.


АЗБУКА МОРЗЕ


Бо кунҷковӣ аз устод дар бораи чигунагии Азбука Морзе, ки бори аввал мешунидам, пурсидам: “Азбука Морзе алифбои махсусест, ки аз маҷмӯи аломатҳо иборат буда, бо рамзҳо алоқаро таъмин мекунад. Масалан, агар нуқта ва тире (.-) овози “А”ро ифода кунад, чорто тире (----) овози “О”-ро ифода мекунад. Барои аз асрори ҷангӣ бохабар нашудани душман он солҳо бо Азбука морзе мукотиба мекарданд дар фронт...” гуфт устод.Ҳамагӣ 3 моҳи дигар то хатми омӯзишгоҳ монда буд, ки онро барҳам доданд. Соли 1943 Нурҷоновро қатори дигарон ба шаҳри Свердловск мебаранд. Онҷо муддати 6 моҳи дигар нозукиҳои алоқаи радиёиро меомӯзад. Хавфи ба Москва ҳуҷум кардани душман овоза мешавад ва ӯро барои мудофиаи он шаҳр мефиристанд. Бисёр азобҳоро паси сар кард. Бо матонату бедорхобиҳо сар то по гӯшу ҳуш буд, ки мабодо душман ҳуҷум кунаду бехабар намонад.

МУХОФИЗИ СТАЛИН, ЧЕРЧИЛЛ, РУЗВЕЛТ


Аз Москва соли 1944 онҳоро бо мошин ба Ялта (Қрим) мебаранд. Он шабу рӯз конфронси сарони 3 давлати иттифоқчӣ-СССР, Англия ва ИМА барои тезонидани раванди ғалаба он ҷо баргузор мегардид ва маълум, ки онҳоро барои таъмини амнияти Сталин, Рузвелт ва Черчил бурда будаанд. Ҳамчун муҳофиз-радист Нурҷонов бо сарбаландӣ аз уҳдаи иҷрои масъулият мебарояд:
-Сарварони 3 давлати бузурги ҷаҳонро мо ҳимоя кардему протсеси ғалабаро тезонидем, - бо табассум мегӯяд ӯ.
Тирамоҳи соли 1945 фармоне содир мешавад, ки тибқи он омӯзгорони дар ҷанг буда, бояд ба ақибгоҳ бармегаштанд. Нурҷонов низ, ки пеш аз ҷанг муддате дар Регар (Турсунзода) муаллим буд, тавассути поезди Саратов-Тошканд ба Тошканд ва пас аз 2 рӯз бо поезди Тошканд-Сталинобод ба Регар омада, боз муддате дар мактаби миёнаи №1 муаллимӣ мекунад.


ОМУЗГОР ВА САНЪАТШИНОС


Соли 1947 Институти давлатии педагогии ба номи Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи устод Айнӣ)-ро хатм мекунад. Пас аз хатм ба профессор Андреев Михаил Степанович, ки нав ба Душанбе омада буд, шогирд мешавад. Аммо роҳбараш соли 1948 вафот мекунад. Нурҷонов ба Ленинград меравад барои таҳсил дар аспирантура. Дар давоми 3 соли зиндагию таҳсил дар ин шаҳр, ки онро “гаҳвораи фарҳанг” ҳам мегуфтанд, донишу ҷаҳонбинияш тамоман дигар мешавад. 3 рӯз пеш аз муҳлат рисолаи илмияшро дифоъ карда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих мешавад. Соли 1955 нахустин китобаш бо номи “Муҳаммадҷон Қосимов” чоп мешавад. Соли 1956 китоби дигараш “Таджикский народный театр” нашр мешавад. Соли 1967 ба муносибати 50 солагии Инқилоби Октябр ҷилди аввали “Таърихи театри советии тоҷик”-ро нашр мекунад.
Фаъолияти пурсамари илмии устодро ба назар гирифта, бе иштироки ӯ дар Москва асарҳояшро муҳокима мекунанд ва ғоибона ба ӯ дараҷаи доктори улуми санъатшиносиро арзанда медонанд. Ӯ 16.05.1968 ба Москва меравад барои гирифтани ин унвони бузурги илмӣ...

САНЪАТШИНОСИ № 1


Лоиқи қайд аст, ки аввалин санъатшиноси тоҷик Нурҷонов аст, аввалин санъатшиноси касбие, ки исбот карда тавонист, ки Тоҷикон дорои санъати бойю қадимӣ мебошанд! То ин замон профессор Низом Нурҷонов 42 асар ва садҳо мақолаҳо илмӣ навиштаву дар даҳҳо семинару конфронсҳои дохилу хориҷ маърузаҳо кардааст ва шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Дар даврони истиқлолият ҳам ӯ аз эҷоду фаъолияти корӣ даст накашидааст. Соли 2004 дар Эрон аз миёни 400 асар китоби дуҷилдаи Нурҷонов “Театри суннатии Тоҷик” соҳиби ҷоизаи Китоби сол ва 50 тилои холису олиҷаноб мегардад. Соли 2006 бошад соҳиби ҷоизаи Рӯдакӣ мешавад. Нурҷонов аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки имрӯз касеро парвои фарҳангу театр нест:
-Имрӯз фарҳанги мо дар вазъияти хеле ташвишовар қарор дорад. Театрҳои мо ягон намоишномае надоранд, ки ҳамқадами ҳаёти имрӯзаи кишвар бошанд. Нест режиссёр, маҳорати режисёрӣ мурдааст. Санъат хор шудааст, ба касе санъатшинос лозим нест. Мутахассис надорем. Дар Вазорати фарҳанг ва театрҳо ҷои одамони соҳибкасбу бомаҳорат холист. Барои рафъи ин мусибат бояд вазири фарҳанг аз санъат бохабар бошад. Аҳволи рақс аз театр бадтар аст. Имрӯз аз мафҳуми рақс фақат ҷунбишҳои зиёдативу бемазмун мондаву тамом. Рақси мардона тамоман мурдагӣ аст. Ба хотири касе намерасад, ки онро эҳё кунад. Мероси классикӣ аз рушд мондааст, онро наҷот бояд дод!

КИТОБХОИ МУНТАЗИРИ НАШР


Нурҷонов китобҳое дорад, ки бо сабаби набудани маблағ то ҳол нашр нашудаанд. Рисолаҳои “Эътирофи ҷаҳонии Малика Собирова”, “Нахустин театри касбӣ”, ҷилди панҷуми “Мусиқии Помир” ва “Маҷмуаи мақолаҳои солҳои гуногун” дар интизори нашранд. Ку фарди санъатдӯсту боҳиммате, ки сарпарастии чопро ба дӯш гирад?
...Иштирокчии ҶБВ, доктори илми санъатшиносӣ, узви ИН СССР, Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон, соҳиби ҷоизаи Рӯдакӣ, профессор Низом Нурҷонов давлати пирӣ меронад ва каме бештар аз 600 сомонӣ нафақа мегирад. Ҳамчунин дар арафаи иду ҷашнҳо ба аёдаташ меоянду кумакаш мекунанд... Ҳангоме ки бо ӯ хайрухуш мекардем, гуфт:
“Санъатро дӯст доред. Зеро санъат инсонро тарбият ва аз хатар халос мекунад...”
Бознашр аз хафтаномаи СССР, аз 07.05.2015

Комментариев нет:

Отправить комментарий