Устод Лоик Шерали, бузургтарин ва махбубтарин шоири карни ХХ 15 сол мешавад, ки чисман бо мо нест. Аммо номи у ва шеъри у дар дилу забони мардуми точик ва кулли дустдорони шеъри асил маскан дорад, маскани човидони. Дар ин сахифа 15 акси устодро чой додем. Хамчунин, якчанд шеъри устодро низ чой додем, ки ба фикри мо ба хаёти муаллиф мувофик мебошанд. Ёдаш ба хайр бод, устоди азизро! Бихишти човидон чоят абармарди дирузу имрузу фардо Лоик Шерали!
Ин умр, ки чун оби равон мегузарад,
Аз раҳгузараш пиру ҷавон мегузарад.
Ҳарчанд ту оҳиста варо сарфа кунӣ,
Пинҳону аёну барқсон мегузарад
***
То гум нашави касе начуяд номат,
То дур нашави нарасад пайгомат.
Таърих хамеша пухтакор аст чунон,
К-огози туро чуяд аз анчомат.
Мард он, ки сарафроз сари дор бимирад,
Як бор таваллуд шуда, як бор бимирад.
Як бор таваллуд шуда, як бор бимирад.
Мард он, ки сари қулла чу ҳамхонаи хуршед
Аз қисмати худ розию саршор бимирад.
Аз қисмати худ розию саршор бимирад.
Мард он, ки сабуктар бикунад бори Заминро,
Бо умри гаронбор гаронбор бимирад.
Бо умри гаронбор гаронбор бимирад.
Бо дӯсти наздик равад манзили дуре,
Бо ёр ва ё бо алами ёр бимирад.
Бо ёр ва ё бо алами ёр бимирад.
Дар хоб ба овози замин гӯш ниҳад шаб,
Рӯзона чу ҳақдӯст зада ҷор бимирад.
Рӯзона чу ҳақдӯст зада ҷор бимирад.
Мард он, ки намонад зи шабаш шишаи холӣ...
Пуршӯру пурошӯбу пурасрор бимирад.
Пуршӯру пурошӯбу пурасрор бимирад.
Мард он, ки тиҳӣ буда чунон косаи танбӯр,
Бо нағмаю оҳанги шарарбор бимирад.
Бо нағмаю оҳанги шарарбор бимирад.
Мард он, ки намирад зи қазо бо аҷали худ,
Дар ишқ ва ё кор ва ё ор бимирад.
Мард он, ки шарафманду баномусу ҷавонмард,
Дар ишқ ва ё кор ва ё ор бимирад.
Мард он, ки шарафманду баномусу ҷавонмард,
Бо ин ҳама озор сазовор
бимирад.


Замини сахти кӯҳистон дили нармам ато кардаст,
Дуруштам ҳар кӣ мехонад, хато андар хато кардаст.
Дуруштам ҳар кӣ мехонад, хато андар хато кардаст.
Ба мисли кӯҳ якрӯям, ба сони чашма ҳақгӯям,
Чунин будам, чунин бошам, ки ин сонам худо кардаст.
Чунин будам, чунин бошам, ки ин сонам худо кардаст.
Ба ман таърихи сангиндил ҷафо рӯйи ҷафо кардаст.
Сари кӯҳу сари чашма дилам аз ғам наво кардаст.
Умеду орзуям сӯхт монанди ҳинои санг,
Дубайтиву рубоӣ нолаамро бефано кардаст.
Дубайтиву рубоӣ нолаамро бефано кардаст.
Яке гуфтӣ, ту эронӣ, дигар гуфтӣ ту тоҷикӣ,
Ҷудо аз асли худ мирад, касе моро ҷудо кардаст.
Ҷудо аз асли худ мирад, касе моро ҷудо кардаст.
Ҷаҳон як рӯз метаркад зи оҳи пуршарори мо,
Ки бар тарки Ватан моро паёпай мубтало кардаст.
Ки бар тарки Ватан моро паёпай мубтало кардаст.

Нам-нами борон чу ёдат кард, ёдат мекунам,
Барги гул чун бӯи ту овард, ёдат мекунам.
Дарди ишқат мард буду қисматам номард буд,
Ман ба қасди қисмати номард ёдат мекунам.
Ишқи ту дар сурати ашъори дардолуди ман
Мисрае гар дар диле парвард, ёдат мекунам.
Ман агар нозукписандам, аз назокатҳои туст,
Бар сари гул чун нишинад гард, ёдат мекунам.
Гармию сардии дунёро зи ишқат дидаам,
Зери ин гардуни гарму сард ёдат мекунам.
Ҳар куҷое ҳам ки бошӣ, дур аз ман нестӣ,
Бо алам, бо доғи дил, бо дард ёдат мекунам.

Дар дафтари ман хуни дилам хоҳад монд,
Дар хоки Ватан мушти гилам хоҳад монд.
Дар чашми ҳама аҳли назар сурати ман,
Дар чашми ман акси қотилам хоҳад монд.
Дар ғами номуси миллат
Камтарин тоҷик агар чун ман бисӯзад,
Аз фурӯғи рӯзи миллат
Бемуҳобо хонаи душман бисӯзад!
Баҳри истиқлоли миллат
Камтарин тоҷик агар чун ман бисӯзад,
Аз тулӯъи фоли миллат
Решаи манҳуси Аҳриман бисӯзад!
Дар раҳи фардои миллат
Камтарин тоҷик агар сидқан бисӯзад,
Бо сару савдои миллат
Кошкӣ, эй кошкӣ чун ман бисӯзад!
Камтарин тоҷик агар чун ман бисӯзад,
Аз фурӯғи рӯзи миллат
Бемуҳобо хонаи душман бисӯзад!
Баҳри истиқлоли миллат
Камтарин тоҷик агар чун ман бисӯзад,
Аз тулӯъи фоли миллат
Решаи манҳуси Аҳриман бисӯзад!
Дар раҳи фардои миллат
Камтарин тоҷик агар сидқан бисӯзад,
Бо сару савдои миллат
Кошкӣ, эй кошкӣ чун ман бисӯзад!
Ман ҷаҳони ҷонамро раҳни ин ҷаҳон кардам,
Ман замини рӯҳамро роҳи раҳравон кардам.
Омадам дар ин дунё, рафтаму надонистам
Ки ҳама вуҷудамро сарфи ину он кардам.
Ки ҳама вуҷудамро сарфи ину он кардам.
Ишқи бекарони ман дар канори ёре мурд,
Пир шуд агар ишқам, шеърро ҷавон кардам.
Пир шуд агар ишқам, шеърро ҷавон кардам.
Навбаҳори дил ҷустам, ҳамканори дил ҷустам,
То баҳори сабзамро туъмаи хазон кардам.
То баҳори сабзамро туъмаи хазон кардам.
Пеши рӯи ҳақҷӯён дам задам агар аз ҳақ,
Бори дӯши ҷонамро сад карат гарон кардам.
Бори дӯши ҷонамро сад карат гарон кардам.
То дили замон ҷустам, бо замона пайвастам,
Шеъри дарзамонамро ходими замон кардам.
Дар қаламрави қисмат – ҷилвагоҳи неку бад
Саҷда бар замин бурдам, шукри осмон кардам.
Шеъри дарзамонамро ходими замон кардам.
Дар қаламрави қисмат – ҷилвагоҳи неку бад
Саҷда бар замин бурдам, шукри осмон кардам.
Ман баъди хама завол меоям боз,
Чун мурги хучастафол меоям боз.
Гар баъди хазор сол едам бикунед,
Ман баъди хазорсол меоям боз.
Аз нигоҳам шарора хоҳад монд,
Аз бисотам ситора хоҳад монд.
Дар канори замини аҷдодон
Қалби ман беканора хоҳад монд.
Дар шумори тамоми дарди башар
Дарди ман бешумора хоҳад монд.
Пеши чашми замона неку бадам
Дар сухан ошкора хоҳад монд.
Аз касе як хасе намемонад,
Аз ман умри дубора хоҳад монд.
Пораҳои дили шикастаи ман –
Шеъри ман пора-пора хоҳад монд.
Woqean ham Ustod Loiq Sherali inson wa shoiri buzurg budand wa khohand bud. In bebahs ast.
ОтветитьУдалить